Имрӯз дар Муассисаи давлатии маҷмааи Тандурустии «Истиқлол» ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ Ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Директори муассиса Абдуллозода Ҷ.А. ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки Парчами давлатӣ баёнгари ҳақиқии мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик ва равшанибахши роҳи он ба сӯи ояндаи дурахшони кишвар буда, дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосӣ, нишонаи соҳибихтиёрии давлат, рамзи Истиқлолияти давлатӣ, дӯстиву бародарии ҳамаи халқу миллатҳои кишвар ба шумор меравад.
Иштирокчиёни ҷамъомад, доир ба аҳаммияти парчаму парчамдорӣ дар низоми давлатдори андешаҳои худро баён карданд.
Гуфта шуд, ки оини парчамдории миллати сарбаланди тоҷик таърихи беш аз чаҳорҳазорсола дошта, он рамзи садоқату рафоқат, шаъну шараф ва таҷассумгари ифтихору ору номуси ҳар як миллат аст.
Имрӯз Парчами миллӣ, ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум баҳри ободии кишвар, ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдодиамон бо тобиши се ранг: сурх — рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед — нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландӣ, хуррамиву абадият ва миёни онҳо рамзи тоҷи заррини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкари созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд:- «Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад».
Бо дарки аҳаммияти бузурги парчам барои ҳар як миллат, ҳамасола 24 ноябр сокинони сарбаланди кишвар бо азму иродаи қавӣ ва ифтихор аз ватандории миллӣ Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил менамоянд.