ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВАЗОРАТ ДОИР ГАРДИД. 13.05.2020 19:32

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВАЗОРАТ ДОИР ГАРДИД. 13.05.2020 19:32

Бегоҳии имрӯз, 13 майи соли равон соати 18:30 дақиқа ҷаласаи навбатии ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии сирояти коронавирус ба тариқи онлайн  баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Саида Умарзода, Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, сардорони раёсат ва  роҳбарони муассисаҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, иброз намуд, ки  айни замон пешгирӣ ва табобати гирифторони бемории сирояти коронавируси нави COVID-19 зери назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон қарор дорад.

Дар ҷаласаи навбатии ситоди вазорат масъалаҳои таъмини муассисаҳо бо маводҳои доруворӣ ва либосҳои муҳофиҳатӣ, назорати рафти табобати беморон, таъмини маводҳои тиббӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ба роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои хеш бо маводҳои доруворӣ, таъмин намудани табибон бо либосҳои муҳофизатӣ чораҳои зарурӣ андешиданд.

Ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки  дар якҷоягӣ бо табибони оилавӣ дар муассисаҳои тиббӣ бо либосҳои муҳофизатӣ ба назди беморон ҳозир шуда, аз вазъи саломатии онҳо аз наздик шинос шаванд.

Дар идома ҳисоботи сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ ба тариқи онлайнӣ сурат гирифт.

Ҳамзамон, роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот дода, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.