Истиқлолият неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзише аст, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид.
Имруз ба муносибати ин ҷашни бузург дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» ҷамъомади пуршукуҳ доир гардид.
Нахуст ҳозирин ва меҳмонони гиромиро Директори Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» номзади илми тиб Рустамзода Хуршед хайрамақдам намуда, таманниёти худро бахшида ба фарорасии ин ҷашни таърихӣ иброз намуданд.
Аз гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар ёдоварӣ намуданд:
Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, таҳкими меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳаёти озодонаи ҳар фард ва санаи олитарини дараҷаи бахту саодати воқеии миллат мебошад.
Ҳамзамон меҳмони маҳфил, шоири Ватансаро Муҳаммад Ғоиб аз ашъори пурғановати худ баҳри ҳозирин шеърҳо дар васфи ватандорӣ қироат намуданд.
Инчунин раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ Муродзода Ҷурабек баромад намуда, оид ба дастовардҳои кишвар дар даврони Истиқлолият суханронӣ намуданд.
Дар охир як қатор кормандони фаъоли соҳа аз тарафи маъмурияти Маҷмаа ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ бо сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.


