Месяц: Август 2019

Асосӣ / 2019 / Август
Ифтитоҳи Коргоҳи заргарии «Зари тоҷик»-и ҶСК «Равшан» дар шаҳри Душанбе 27.08.2019 11:45, шаҳри Душанбе
Запись

Ифтитоҳи Коргоҳи заргарии «Зари тоҷик»-и ҶСК «Равшан» дар шаҳри Душанбе 27.08.2019 11:45, шаҳри Душанбе

27-уми август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  дар арафаи таҷлил аз 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Теҳрон 21-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Коргоҳи «Зари тоҷик»-и Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Равшан»-ро мавриди истифода қарор дода, бо раванди истеҳсоли маҳсулоти гуногуни заргарӣ...

Анҷоми сафари корӣ дар вилояти Суғд 25.08.2019 10:46, шаҳри Хуҷанд
Запись

Анҷоми сафари корӣ дар вилояти Суғд 25.08.2019 10:46, шаҳри Хуҷанд

25 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари бобарори корӣ аз шаҳри Хуҷанд ба пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе баргаштанд. Сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20 то 25 август дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯстон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Зафаробод, Деваштич ва Ҷаббор Расулов...

Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд 24.08.2019 18:12, шаҳри Гулистон
Запись

Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд 24.08.2019 18:12, шаҳри Гулистон

24 август дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд. Дар кори машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд дар 7 моҳи соли 2019 ҷамъбаст гардида, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ,...

Ифтитоҳи Меҳмонхонаи «Суғдиён» дар шаҳри Хуҷанд 24.08.2019 11:08, шаҳри Хуҷанд
Запись

Ифтитоҳи Меҳмонхонаи «Суғдиён» дар шаҳри Хуҷанд 24.08.2019 11:08, шаҳри Хуҷанд

Имрӯз ҳамчунин дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба фаъолияти Меҳмонхонаи замонавии «Суғдиён» оғози расмӣ бахшида, бо шароити муосири хидматрасонӣ дар он аз наздик шинос гардиданд. Меҳмонхонаи замонавӣ аз 10 ошёна ва таҳхона иборат буда, он дар доираи...

Иштирок дар чорабиниҳои «Иди харбуза» дар шаҳри Хуҷанд 24.08.2019 10:51, шаҳри Хуҷанд
Запись

Иштирок дар чорабиниҳои «Иди харбуза» дар шаҳри Хуҷанд 24.08.2019 10:51, шаҳри Хуҷанд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои «Иди харбуза», «Иди кадуи хонапуркун», «Иди ангур», «Иди асал», Фестивали «Оши палав» ва даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Нон шудам шоистаи ҳар хон шудам», ки рӯзи 24-уми август дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, иштирок намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар...

Ба истифода додани зеристгоҳи барқии “Темурмалик” дар шаҳри Хуҷанд 24.08.2019 09:35, шаҳри Хуҷанд
Запись

Ба истифода додани зеристгоҳи барқии “Темурмалик” дар шаҳри Хуҷанд 24.08.2019 09:35, шаҳри Хуҷанд

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Раҷабови шаҳри Хуҷанд, зеристгоҳи барқии “Темурмалик”-ро, ки дар масоҳати умумии 2600 метри мураббаъ бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ, мавриди истифода қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки зеристгоҳи барқии 110...

Ифтитоҳи Маркази хизматрасонӣ ва тақдими туҳфа ба 100 ятими кул дар шаҳри Бӯстон. 24.08.2019 08:03, шаҳри Бӯстон
Запись

Ифтитоҳи Маркази хизматрасонӣ ва тақдими туҳфа ба 100 ятими кул дар шаҳри Бӯстон. 24.08.2019 08:03, шаҳри Бӯстон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Бӯстон иншооти хизматрасонии «Бӯстон»-ро ифтитоҳ намуданд. Бунёди иншооти хизматрасонӣ дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат сурат гирифта, дар доираи амалишавии ҳадафҳо ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ, 25 нафар бо ҷойи кор...

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қоғазӣ бо 50 ҷойи кории нав дар шаҳри Бӯстон 24.08.2019 08:00, шаҳри Бӯстон
Запись

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қоғазӣ бо 50 ҷойи кории нав дар шаҳри Бӯстон 24.08.2019 08:00, шаҳри Бӯстон

Рӯзи 24 – уми августи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд  корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дурахшон — Бӯстон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имкониятҳои он аз наздик шинос шуданд. Тавре маълум гашт, корхонаи мазкур ба коркард ва истеҳсоли маҳсулоти қоғазӣ...

Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии ҶДММ “Тоҷфилиз” дар шаҳри Бӯстон 24.08.2019 07:09, шаҳри Бӯстон
Запись

Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии ҶДММ “Тоҷфилиз” дар шаҳри Бӯстон 24.08.2019 07:09, шаҳри Бӯстон

Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон коргоҳи маҳсулоти сохтмонии ҶДММ “Тоҷфилиз”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Сарвари давлат бо  хати истеҳсолӣ ва имкониятҳои коргоҳи навтаъсис аз наздик шинос шуда, бо кормандони он суҳбат намуданд. Коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии...

Тақдими туҳфа ба 100 нафар ятими кулли вилояти Суғд 23.08.2019 12:28, шаҳри Хуҷанд
Запись

Тақдими туҳфа ба 100 нафар ятими кулли вилояти Суғд 23.08.2019 12:28, шаҳри Хуҷанд

Имрӯз дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятими кулл кумаки моддӣ расонда, бо онҳо суҳбати гарму самимӣ доир карданд. Ин навбат хонандагони синфҳои аз 6 то 11 — и мактаб — интернатҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд,...