Месяц: Сентябрь 2018

Асосӣ / 2018 / Сентябрь
Мулоқот бо Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев 26.09.2018 18:03, шаҳри Душанбе
Запись

Мулоқот бо Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев 26.09.2018 18:03, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи иҷроия-котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедевро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар пойтахти мамалкат шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Тавре таъкид...

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.09.2018 11:40, шаҳри Душанбе
Запись

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.09.2018 11:40, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис нахуст Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузориши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Ҷамшед Аҳмадзода шунида...

Оғози бунёди нӯҳ корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе  20.09.2018 12:21, шаҳри Душанбе
Запись

Оғози бунёди нӯҳ корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе 20.09.2018 12:21, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар буриши кӯчаҳои Айнӣ ва Зебуниссои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба бунёди корхонаҳои нави истеҳсолии Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе оғози расмӣ бахшиданд. Дар ин ҷо нахуст ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмон ва...

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ силро бемории марговари сирояткунанда дар ҷаҳон номид 20.09.2018  11:18
Запись

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ силро бемории марговари сирояткунанда дар ҷаҳон номид 20.09.2018 11:18

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) сил (туберкулёз)-ро бемории марговари сирояткунанда дар ҷаҳон номида, ба андешидани тадбирҳои фаврӣ барои мубориза бо он даъват намуд. Дар ин бора «РИА Новости» хабар медиҳад. Тибқи иттилои ин созмон, бо вуҷуди кӯшишҳои ҷаҳонӣ дар самти пешгирии паҳншавии беморӣ, танҳо соли 2017-ум 10 миллион нафар гирифтори бемории сил гардида, 1,6 миллион нафар...

Ифтитоҳи Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ” 20.09.2018 10:17, шаҳри Душанбе
Запись

Ифтитоҳи Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ” 20.09.2018 10:17, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ” — ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд. Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмони ин муассисаи байналмилалии Тоҷикистону Бритониё 28...

Мулоқот бо прокуророни генералии давлатҳои аъзои ИДМ ва СҲШ  20.09.2018 10:03, шаҳри Душанбе
Запись

Мулоқот бо прокуророни генералии давлатҳои аъзои ИДМ ва СҲШ 20.09.2018 10:03, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфтанд. Сарвари давлат дар оғоз ҳамаи меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба кори Ҷаласаи 28-уми Шӯрои ҳамоҳангсозии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ҷаласаи 16-уми прокуророни генералии...

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 15.09.2018 13:45, шаҳри Хоруғ
Запись

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 15.09.2018 13:45, шаҳри Хоруғ

15 сентябри соли 2018 дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо шумораи зиёди роҳбарону фаъолони вилоят мулоқоти самимию созанда доир карданд. Дар оғоз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва...