Месяц: Июнь 2018

Асосӣ / 2018 / Июнь
Истиқбол дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд 26.06.2018 07:03, шаҳри Хуҷанд
Запись

Истиқбол дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд 26.06.2018 07:03, шаҳри Хуҷанд

Субҳи имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд. Намояндагони аҳли ҷомеа, роҳбарият, ҷавонон ва аҳли фарҳангу  зиё  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат  ва бунёдгузори давлати навини тоҷикон бо самимияти...

Суханронӣ дар Қалъаи Муғи шаҳри Истаравшан 25.06.2018 20:15, шаҳри Истаравшан
Запись

Суханронӣ дар Қалъаи Муғи шаҳри Истаравшан 25.06.2018 20:15, шаҳри Истаравшан

Ҳамватанони азиз! Ҳозирини муҳтарам! Мулоқоти имрӯзаи мову шумо — мардуми ҳунарманду заҳматқарини шаҳри бостонии Истаравшан дар арафаи ҷашни ваҳдати миллӣ баргузор мегардад. Бинобар ин, ҳамаи шумо, сокинони шарафманди шаҳри Истаравшани бостонӣ, кулли мардуми Тоҷикистони азиз ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям. Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ соли...

Ифтитоҳи Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Муғ” баъди азнавсозӣ ва иштирок дар таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ 25.06.2018 20:12, шаҳри Истаравшан
Запись

Ифтитоҳи Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Муғ” баъди азнавсозӣ ва иштирок дар таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ 25.06.2018 20:12, шаҳри Истаравшан

Нимаи дуюми рӯзи 25 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Муғ”-ро, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра азнавсозӣ гардид, ифтитоҳ намуда, дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ карданд. “Қалъаи Муғ” таърихи қадима...

Мулоқот бо Роҳбари Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Синичи Китаока 25.06.2018 18:22, шаҳри Истаравшан
Запись

Мулоқот бо Роҳбари Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Синичи Китаока 25.06.2018 18:22, шаҳри Истаравшан

25 июн дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Синичи Китаокаро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилоти мазкур дар бахшҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ карда шуд. Президенти...

Маросими ифтитоҳи Меҳмонхонаи замонавии “Киропол” дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Истаравшан 25.06.2018 09:29, шаҳри Истаравшан
Запись

Маросими ифтитоҳи Меҳмонхонаи замонавии “Киропол” дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Истаравшан 25.06.2018 09:29, шаҳри Истаравшан

Дар шаҳри Истравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи замонавии “Киропол”- ро дар хиёбони “Истиқлол” дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ карданд. Фармоишгари бунёди меҳмонхона соҳибкори ватанӣ Эргашев Бурҳон буда, лоиҳакашон — Корхонаҳои Воҳиди Давлатии “Меъмор”, “Лоиҳакаш”-и шаҳри Истаравшан ва пудратчӣ ширкати сохтмонии “Уротеппа” мебошад. Маблағи умумии сохтмони бинои...

Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди Маҷмааи миллии соҳибкории 16 — ошёнаи “Роҳи абрешим” дар шаҳри Истаравшан 25.06.2018 08:42, шаҳри Истаравшан
Запись

Оғози корҳои сохтмонӣ барои бунёди Маҷмааи миллии соҳибкории 16 — ошёнаи “Роҳи абрешим” дар шаҳри Истаравшан 25.06.2018 08:42, шаҳри Истаравшан

Дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди Маҷмааи миллии соҳибкории “Роҳи Абрешим” санги асос гузоштанд. Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мазбут Бойҷонов бо харҷи 60 миллион сомонӣ, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад....

Ифтитоҳи Маркази савдо ва хизматрасонии “Фаровон” дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан 25.06.2018 08:29, шаҳри Истаравшан
Запись

Ифтитоҳи Маркази савдо ва хизматрасонии “Фаровон” дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан 25.06.2018 08:29, шаҳри Истаравшан

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Маркази савдо ва хизматрасонии “Фаровон” оғози расмӣ бахшиданд. Иншооти мазкур дар маркази шаҳр бо тарҳи муосиру ҷавобгуй ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ қомат афрохта, ба ободии ин шаҳри бостонӣ зебоии дигар зам намудааст....

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан 25.06.2018 08:17, шаҳри Истаравшан
Запись

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан 25.06.2018 08:17, шаҳри Истаравшан

Дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон ширкат намуданд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди бинои «Маркази ҷавонон ва наврасон»-и шаҳр сохта шуда аст, ки каблан ин мавзеъ ҷойи нообод буд. Иттилоъ дода шуд, ки баландии пояи Парчам 52,4 метр...

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Нишони давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан 25.06.2018 08:17, шаҳри Истаравшан
Запись

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Нишони давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан 25.06.2018 08:17, шаҳри Истаравшан

25 июни соли 2018 дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман ифтитоҳ намуданд. Сохтмони Нишони давлатӣ моҳи марти соли 2018 оғоз шуда, моҳи июни соли ҷорӣ пурра ба анҷом расонида шудааст. Нишони давлатӣ аз ҳисоби...

Оғози сафари корӣ ба шаҳри Истаравшани вилояти Суғд  25.06.2018 06:59, шаҳри Истаравшан
Запись

Оғози сафари корӣ ба шаҳри Истаравшани вилояти Суғд 25.06.2018 06:59, шаҳри Истаравшан

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни фархундаи миллӣ-Иди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд. Роҳбарияти вилояти Суғд, шаҳри Истаравшан ва намояндагони аҳли ҷомеа Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...